30 ноябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Сироҷиддин Муҳриддин: «Таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалист ва онро маҳкум мекунем»

41
Сироҷиддин Муҳриддин: «Таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалист ва онро маҳкум мекунем» 21 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк субҳонаи кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқоти ғайрирасмӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин ҳамоҳангсозии мавқеи кишварҳои узви Созмонро оид ба рӯзномаи мубрами МУ СММ муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин вохӯрӣ Сироҷиддин Муҳриддин оид ба таҷовузи низомии Қирғизистон ба минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, ин амали кишвари мазкурро ҳамчун нақзи дағалонаи меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ маҳкум намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ аҳамияти қабули қатъномаи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҳамкорӣ миёни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ»-ро, ки ба амиқтар шудани ҳамкории созмонҳо мусоидат мекунад, зикр намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво