19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи 46-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок кард

66
23 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи 46-уми солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳамоиши имсола, ки ба мавзӯи «Ҳалли мушкилоти ғизо, сӯзишворӣ ва буҳрони молиявӣ» бахшида шуда буд, доир ба чолишҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла дар мавриди барқарорсозӣ пас аз COVID-19, болоравии нархи неруи барқ ва ашёи хом, таъминоти логистикӣ, инчунин пешгирии офатҳои табиӣ ибрози андеша кард.

Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар назди Созмони Милали Муттаҳид маълумот дод.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво