27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх амнияту суботи минтақаро баррасӣ карданд

193
Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх амнияту суботи минтақаро баррасӣ кардандИмрӯз, 21 сентябр дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Петер Маурер баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва КБСС, тарҳҳои дар кишвари мо роҳандозишаванда, мавзӯъҳои амнияту суботи минтақа, вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва зарурати расонидани кумаки башардӯстона ба ин кишвар баррасӣ шуданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бинобар анҷом ёфтани фаъолияти П.Маурер ба ҳайси Президенти КБСС ба мавсуф ҷиҳати рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, ба фаъолияти минбаъдааш барор таманно кард.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво