Як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар марказҳои интернетӣ ва бозиҳои компютерии «Патриот», «Гугл» ва «AMG»-и дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт фаъолияткунанда ба бозиҳои компютерии дорои хусусияти зӯроварӣ машғул буданд, дастгир ва ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи И.Сомонӣ дастрас карда шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зимни баргузории чорабинии мақсадноки пешгирикунанда аз ҷониби кормандони милитсия ҳолатҳои зиёди вайрон намудани талаботи ин қонун аз тарафи волидони ноболиғон ошкор гардид. Аз ҷумла, тавре аён гардид, ноболиғони зиёд рӯзона бе назорат дар кӯчаву хиёбонҳо гаштугузор намуда, аксаран ба корҳои зараровар, хусусан ба ҳар гуна бозиҳои компютерӣ, ки боиси ҷой гирифтани рафтору кирдорҳои бадахлоқона ба тафаккури насли наврас мегарданд, машғул мешаванд. Тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон сабаби ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегардад.
Нисбат ба волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабинии мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд.
Аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо сарфи корҳои беҳудаю зараровар шавад.