24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз риоя нагардидани қонунҳои миллӣ дар ноҳияи Панҷ изҳори нигаронӣ карданд

5698
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони яке аз ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар- ноҳияи Панҷ аз риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳори нигаронӣ карданд.

Президенти мамлакат зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар ноҳияи Панҷ дар самти риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» беш аз 70 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ба қайд гирифта шуда, вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 201 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, ки чунин ҳолат боиси нигаронӣ мебошад. Рақамҳои зикршуда гувоҳи онанд, ки падару модарон ва фаъолони ҷомеа, инчунин омӯзгорон ба таълиму тарбияи фарзандон ва ба танзим даровардани расму ойинҳое, ки ба ғайр аз исрофкориву зарари буҷети оила чизи дигаре нест, ҳанӯз ҳам эътибори ҷиддӣ намедиҳанд.

Дар иртибот ба ин масъала Сарваари давлат аз роҳбарияти ноҳия ва фаъолони ҷомеа тақозо намуданд, ки ба аҳолӣ мазмуну моҳияти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо»-ро дуруст фаҳмонанд ва ба ин васила аз мафкураи мардум иҷрои баъзе расму суннатҳои нодаркору ба таври сунъӣ таҳмилшударо дур созанд.

«Роҳбарони ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони бахши танзими расму ойинҳо ва аъзои комиссияҳои доимиву ҷамъиятӣ низ вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар самтҳои зикршуда тадбирҳои муассир андешанд»,-изҳор доштанд Сарвари давлат.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво