6 октябр 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон

931
Пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таҷовуз ба номус, зӯроварӣ, худкушӣ ва суиқасд ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон аз қабили масъалаҳое буданд, ки зимни вохӯрӣ бо ҷавонон, падару модарони онҳо ва як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта баррасӣ шуданд. Вохӯрӣ дар ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик дар якҷоягӣ бо прокуратураи ноҳия, шуъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия доир гардид.
Зимни вохӯрӣ муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» баррасӣ гардиданд.
Прокурори ноҳия С. Сироҷзода зикр кард, ки Паём дар ҳаёти мо барномае мебошад, ки аз рӯи он амал бояд кард. Ӯ дар бораи моҳияти раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 маи соли равон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо мегардад, хотиррасон намуда, зикр кард, ки раъйпурсӣ маъракаи умумимиллӣ ва воситаи амалигардонии ҳокимияти халқ буда, ба хотири дар оянда ҳифз намудани амнияту озодӣ, таъмини рушди Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии халқи он гузаронида мешавад.
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Нуриддин Файзиддинзода дар бораи рафтору кирдори баъзе аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа зикр кард, ки имрӯз ҷавонони мо дар хориҷи кишвар ба рафторҳои номатлуб даст мезананд.
Дар доираи вохӯрӣ инчунин масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ҳаёти солим баррасӣ шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво