27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз 19 август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд карда мешавад

138
Аз 19 август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд карда мешавадАз 19 август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ маҳдуд карда мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи ронандагони воситаҳои нақлиёти мошингард, шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз кӯчаи Шероз то хиёбони С.Шерозӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз 19 августи соли 2022 маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво