28 феврал 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аз 25 то 30 март ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе хиёбонҳои Душанбе маҳдуд мегардад

114
25-27 март аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ-Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ.Шерозӣ — Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ ва 28-30 март аз соати 07:30 то 16:00 аз ҳалқаи буриши хиёбони С.Айнӣ — кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А.Сино, И.Сомонӣ, Н.Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии халқҳо маҳдуд мегардад.

Тавре дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҳдуд гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шаҳри Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон мебошад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкур, яъне аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятии автобусҳо истифода намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво