БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИИ ВКД ТОҶИКИСТОН: ду рӯз аз баромадан бо мошини шахсӣ худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред!
670
Рӯзҳои 27 ва 28 сентябри соли равон ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Бухоро, Мирзо Турсунзода, Беҳзод, Лоҳутӣ, Сомонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Н.Ҳувайдуллоев, Карамов, Алишер Навоӣ то даромадгоҳи шаҳри Турсунзода ва аз кӯчаи Айнӣ то шаҳри Норак маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар дода, афзуданд, ки мақсад аз андешидани ин тадбир дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳо дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва меҳмонони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз баромадан бо воситаҳои нақлиёти шахсиашон худдорӣ намуда, аз хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ аз кӯчаҳои ҳамшафати онҳо бо риояи талаботи «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» истифода баранд. Ёдовар мешавем, ки маҳдуд намудани ҳаракати нақлиёт 27-28 сентябри соли равон аз соати 09:00 то анҷоми чорабинӣ давом мекунад.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |