27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор сохтмони бинои беморхонаи нав босуръат идома дорад

345
Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Ҳисор сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ босуръат идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Беморхона дар масоҳати умумии 8 гектар бунёд ёфта, масоҳати зери сохтмон 5193 метри мураббаъ, сабзазоркунӣ 8988 ва масоҳати роҳравҳо 13818 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз 5 бинои чорқабата иборат буда, барои 205 кати беморон дар назар дошта шудааст.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арш Сохтмон» мебошанд. Маблағи лоиҳавии сохтмон 64 миллион сомониро ташкил дода, то имрӯз 28 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ба 60 фоизи иҷрои корҳои сохтмонӣ баробар аст.
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор сохтмони бинои беморхонаи нав босуръат идома дорад
Бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот муваққатан қатъ гардида буданд. Барои идомаи сохтмон дар соли 2022 боз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ вусъати тоза пайдо карданд. Маблағи мазкур барои бунёди маъмурияти беморхона, таваққуфгоҳи нақлиёт, бинои иловагии якқабата барои 105 кат, дегхона барои гармидиҳӣ, кашидани хатҳои обу ташноб ва ғайра масраф мегардад.

Чанде қабл Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шинос гардид. Мавсуф бо сохтмончиён оид ба шароити кору истироҳаташон суҳбат намуда, омодагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ҷиҳати ҳалли ҳама гуна мушкилот дар самти сохтмон изҳор дошт. Сохтмончиён азм доранд, ки иншоотро бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор сохтмони бинои беморхонаи нав босуръат идома дорад

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво