26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе беморхонаи сироятии кӯдакона ба истифода дода мешавад

432
Дар 3 соли оянда дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе 22 муассисаи тандурустӣ бунёд мешавад, ки аз онҳо сохтмони 9 муассиса дар қаламрави ноҳияи Фирдавсӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ иттилоъ доданд, дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шафати Маҷмааи бузурги тандурустии «Истиқлол» Беморхонаи сироятии кӯдакона қомат меафрозад.

Ба иттилои манбаъ, бинои беморхона аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 200 кати хоб пешбинӣ шудааст. Дар беморхона ба ғайр аз ҳуҷраҳои беморон, инчунин ҳуҷраи нигоҳубини беморони вазнин, ҳуҷраи ёрии таъҷилии тиббӣ, ҳуҷраҳо барои духтурон ва ҳамшираҳо ва толори маҷлисгоҳ барои 68 ҷойи нишаст мавҷуданд.

Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, пудратчӣ ҶДММ «Ҳамсафар» аст. Масоҳати умумии сохтмон 6146 м2 –ро ташкил дода, барои бунёди он 13 685 700 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар корҳои сохтмонӣ 94 нафар кормандону мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Ҳангоми бунёди иншоот масолеҳи сифати баланди истеҳсоли ватанӣ истифода шудааст.

Муҳайё гардидани чунин шароити замонавӣ дар маркази мамлакат рушди соҳаи тандурустӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба солимии ҷомеаро нишон медиҳад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво