25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Тоҷикобод ба сохтмони беморхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд

564
Дар ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати сохтмони беморхонаи замонавӣ барои 45 ҳазор аҳолӣ санги асос гузошта шуд.

Тавре дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари дармонгоҳи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Тоҷикобод Диловар Тақдиров хабар дод, тибқи нақшаи тасдиқшуда, бинои беморхона аз 2 ошёна ва зербино иборат мебошад.

Ба иттилои мавсуф, бинои мазкур барои 21 ҳуҷраи функсионалӣ ва 2 ҳуҷраи хоб барои даҳ нафар пешбинӣ шудааст.

«Сохтмони беморхонаи замонавӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оғоз гардида, тибқи нақшаи пешбинишуда, пас аз анҷоми сохтмон бино бо технологияи навин мавриди истифода қарор мегирад. Сохтмони чунин беморхона давоми 20 соли охир дар таърихи ноҳияи Тоҷикобод бори аввал буда, он барои аҳолии ноҳия туҳфаи хуб маҳсуб мешавад»,- мегӯяд Диловар Тақдиров.

Тибқи нақша, сохтмони беморхона моҳи майи соли 2019 ба охир мерасад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво