БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор то соли 2026 беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд мегардад
231
Ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва тибқи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор то соли 2026 бунёди зиёда аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо ҳайати Комиссияи қабули иншоот дар шаҳр вобаста ба ҷараёни бунёди иншоот, бахусус сохтмони биноҳои баландошёна ва эҳтимоли пеш омадани мушкилот дар таъмини муназзами сокинони биноҳои навбунёд ва беш аз 40 ҳазор аҳолии шаҳрак бо барқ, об ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ дар солҳои минбаъда ҷаласаи корӣ доир намуд. Бо назардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, рафъи мушкилоти пешомада, пешгирии садамаҳо дар хатҳои барқ ва дастрасии бемамониати аҳолии шаҳраки Ҳисор ба барқи хушсифат бо пешниҳоди Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар дар доираи ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҶСК Шабакаи барқи марказӣ лоиҳаи нав оид ба ҷиҳати кашидани хати иловагии чашмаки нав ба маҳаллаҳои Бобоҷон Ғафуров ва маҳаллаи 8-ум омода шудааст. Лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи навбатии комиссияи қабули иншооти назди МИҲД-и шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Сардори шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Мансур Файзуллоев тарҳи навро муаррифӣ карда, оид ба нақшаи хароҷоти он, аз ҷумла харидории пояҳои оҳану бетонӣ, пояҳои такявӣ, кабелу ноқилҳои қутрашон гуногун, трансформаторҳо, инчунин иҷрои корҳо, таъминот бо техникаву механизм маълумот дод, ки маблағи умумии он қариб ним миллион сомониро ташкил медиҳад. Хати нав 4 километрро дар бар гирифта, ба зеристгоҳи барқии пуриқтидори 110-киловолтаи «Хонақоҳ», ки дар арафаи ҷашни 3000-солагии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифтааст, пайваст мешавад. Он то маҳаллаи 8-уми шаҳр идома ёфта, маҳаллаҳои маркази шаҳракро бо барқи муназзаму хушсифат таъмин менамояд. Тарҳи нави хати барқ афзалияти зиёд дошта, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он талафоти неруи барқ коҳиш меёбад, таъминоти сокинони шаҳрак бо барқи хушсифат ва оби ошомиданӣ беҳтар ва аз ин ҳисоб сарбории дигар трансформаторҳое, ки дар хатҳои 10-киловолтаи 10, 11 ва 19-ум насб шудаанд, кам мегардад. Раиси шаҳр шахсони масъулро барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, таъмини шаффофияти масрафи он, оғозу вусъати корҳо ва дар муҳлати муайянгардида амалӣ шудани лоиҳаи мазкур муваззаф намуд. АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |