27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Боздиди кории муовини Сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони бузурги аср

761
Дирӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” дидан намуд.

Муовини Сарвазир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати корҳои васлу насби толори мошин ва бинои трансформаторҳо баҳои мусбат дода, изҳор намуд, ки маҷмӯи корҳои нақшавӣ бояд дар доираи меъёрҳо ва муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом ёбад.

НБО РогунАзим Иброҳим ба масъулин дастуру супоришҳои тахассусии мушаххас дода, таъкид кард, ки дар қитъаҳои корҳои сохтмонии садди бунёдшаванда, мавзеи қабати намак, корҳои сементкунонӣ, такшоншавию ҷаббиши об бояд диққати аввалиндараҷа ба сифати корҳои мустаҳкамгардонӣ равона гардад.

Муовини Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки “дар сохтмони ин иншоот ҳеҷ кас ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро иншооти мазкур бояд садсолаҳо ба наслҳои имрӯзу фардои кишвар хизмат расонад”.

Намояндагони фармоишгару пудратчии НБО “Роғун” тасдиқ намуданд, ки тамоми корҳои вобаста ба мустаҳкамгардонии садд зери назорати мутахассисон қарор дошта, дар он пайваста ташхисҳои мутобиқат гузаронида мешаванд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво