А. Иброҳим: «Дастовардҳои истеҳсолӣ набояд бар ивази талафоти ҷонӣ таъмин карда шаванд»
1065
Ин суханро муовини сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зимни ҷаласаи кории назоратӣ дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ изҳор дошт.
Дар ҷаласаи кории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ масоили вобаста ба таъмини бехатарии меҳнат дар истеҳсолот, андешидани чораҳои саривақтӣ барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои саноатию сохтмонӣ, конҳои истихроҷи ангишту маъдан ва иншооти дорои таҷҳизоти ҳамлу нақл ва борбардор баррасӣ шуд. Тавре муовини сарвазири мамлакат таъкид намуд, бинобар сабаби паст будани сатҳи дониши мутахассисони соҳаҳои кӯҳкорию техникӣ ва истеҳсолӣ, ҳамчунин риоя нагардидани техникаи бехатарӣ дар истеҳсолот ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли гузашта бештар ба қайд гирифта шудаанд. Дар солҳои охир бинобар сабаби рушду тараққиёти бемайлони соҳаҳои саноат ва кӯҳкорӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангишт ва намудҳои гуногуни металл дар мамлакат нишондиҳандаҳои сар задани ҳодисаҳои нохуш низ дар истеҳсолот, мутаассифона, афзун гардидаанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддӣ аст. Яке аз сабабҳои афзоиши садамаҳои истеҳсолӣ маҳз риоя нагардидани техникаи ҳатмии бехатарии меҳнат ба ҳисоб меравад. Дар соли 2015 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 22 ҳодисаи нохуш ва 1 садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2014 7 ҳодиса зиёд мебошад. Муовини сарвазир оид ба таъмини бехатарӣ дар истеҳсолот махсусан таъкид намуд, ки дастовардҳои истеҳсолӣ набояд бар ивази талафоти ҷонӣ таъмин карда шаванд. Вобаста ба ин, масъулини соҳа, муҳандисони бехатарии меҳнат дар корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ вазифадор гардиданд, ки барои пешгирӣ кардани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш чораҳои қатъии тахассусиро амалӣ намоянд. Ҳамчунин ба сардори Нозироти давлатии назорати техникаи борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо супориш дода шуд, ки назоратро нисбат ба сифати лифтҳои иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда, ҳолати корӣ ва мутобиқати ҳар як лифтро дар алоҳидагӣ аз ташхиси техникӣ гузаронанд ва танҳо дар сурати ба талабот ҷавобгӯй будан барои истифодаи онҳо иҷозат диҳанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |