27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Баҳри тараққиёти устувор ва бехатарии ҳаёт

216
Баҳри тараққиёти устувор ва бехатарии ҳаёт
Имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир намуд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд рӯзноманигоронро хайрамақдам гуфта, аз ҳамкории пурмаҳсул ва таваҷҷуҳашон баҳри рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмони Ватани азизамон изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин муовини якуми Раиси Кумита Умарзода Улуғбек, муовинони Раиси Кумита Файзуллозода Н.Қ. ва Каримзода Абдураҳмон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси Кумита дар бораи фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2022 ба рӯзноманигорон маълумоти мухтасар дод. Ў зикр намуд, ки барои таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар талаботҳои қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмону меъморӣ, инчунин ҷиҳати амалӣ шудани ҳадафҳои стратегии давлат кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он, сармеъморони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин ташкилотҳои сохтмонию истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликият дар ин муддат кӯшиши бештар ба харҷ дода, барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расониданд.
Зикр гардид, ки соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ мавқеи муҳим дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи сохтмон, боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин ташаккули механизмҳои нави ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ ва бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025) таҳия карда шуд ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №203 тасдиқ гардид.
Дар Стратегия мақсад ва афзалиятҳои рушд, самтҳои асосӣ, вазифа ва механизмҳои ислоҳоти соҳаи сохтмон барои давраи то соли 2030 дар асоси омӯзиши таҷрибаи беҳтарин дигаргунсозиҳои сохтори соҳаи сохтмони кишварҳои хориҷӣ ва тамоюли ҷаҳонии рушди фаъолияти шаҳрсозӣ муайян карда шудааст.
Дар самти пешбурди фаъолияти шаҳрсозӣ Зувайдзода М.М. қайд намуд, ки корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ба роҳ монда шуда, сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ зери назорати мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии Кумита қарор дорад.
Баҳри тараққиёти устувор ва бехатарии ҳаёт
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита ин ташкил ва таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Ба иттилои Раиси Кумита айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии маркази 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои дахлдор тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара пас аз таҳия ва мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст ва дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Бо мақсади таъмини марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №335 «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ҶСК “Корезлоиҳа”-и Кумита дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшудаи марказҳои шаҳру ноҳияҳо асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи канализатсия барои шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Истаравшан, Шаҳристон, Истиқлол таҳия карда шуда, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод карда шуд.
Пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва Корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 ба маблағи 15 миллиону 704 ҳазору 252 сомонӣ корҳои лоиҳакашӣ, хизматрасонӣ, ҷустуҷӯию тадқиқотиро (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) ба анҷом расониданд, ки ин 102,0 фоизи ҳамин давраи соли 2021-ро ташкил намуд.
Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумита дар нимсолаи якуми соли 2022 - 324 лоиҳаҳои кориро мавриди ташхис қарор дод. Ба 228 лоиҳа хулосаи мусбӣ, ба 1 лоиҳа хулосаи манфӣ, 8 лоиҳа мавқуф ва айни замон 87 лоиҳаи корӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати экспертиза 23 басти ҳуҷҷатҳои кории иншооти “НБО Роғун”-ро баррасӣ намуда, ба 16 баст лоиҳаи корӣ хулосаи мусбӣ дода шуд ва 7 басти лоиҳаҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
Баҳри тараққиёти устувор ва бехатарии ҳаёт
Дар ин давра ба Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ 250 муроҷиат ворид гардида, пас аз баррасӣ ба 176 довталаб иҷозатнома дода шуд.
Дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумита 10 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуд. Пас аз баррасӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид.
Кумита вобаста ба татбиқи лоиҳаи сохтмони биноҳои нави Парлумон ва маҷмӯаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар ин самт, дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор чораҷӯӣ намуда истодааст. Айни замон, корҳои сохтмонӣ дар иншооти зикршуда идома доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар иншооти “НБО Роғун” мувофиқ ба супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъмин намудани нерӯгоҳ, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи нархгузорӣ, масъалаҳои техникии иншоот ва дархостҳои ташкилотҳои дар “НБО Роғун” фаъолиятдошта ҳаллу фасл гардида истодаанд.
Дар ин давра зиёда аз 11 масъалаҳои ба сохтмони иншооти «НБО-и Роғун» тааллуқдошта, аз ҷониби мутахассисони Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуда, хулосаҳои дахлдор ба ҶСК «НБО Роғун» ирсол карда шуданд.
Сатҳу сифати иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншооти мазкур зери назорати мутахассисони Кумита қарор дорад, - гуфт Зувайдзода М.М.
Яке аз самтҳои фаъолияти Кумита ин танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад.
Дар соли 2022 тибқи Нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии Кумита таҳия ва мукаммалсозии 28 номгӯи корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон ба нақша гирифта шудааст. Корҳои илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби масъулин тибқи нақша идома дошта, сатҳу сифати корҳо ва дар муҳлатҳои пешбинишуда ба иҷро расонидани онҳо зери назорат қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита 13 адад Меъёру қоидаҳои сохтмонӣ бо фармоишҳои дахлдори Раиси Кумита тасдиқ ва дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Инчунин, 4 адад ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар Шурои илмӣ-техникии Кумита баррасӣ карда шуда, барои тасдиқ тавсия дода шуданд.
Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони масолеҳҳои сохтмонии ватанӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон» Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ барориши №01 ва №02 соли 2021 таҳия карда шуд, ки дар он рӯйхати 46 ташкилоту корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо дарҷи зиёда аз 400 номгӯйи маҳсулотҳо ҷойгир карда шуданд. Айни замон «Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ» барориши №1 соли 2022 мавриди таҳиясозӣ қарор дорад, ки барои ворид сохтан ба феҳристи мазкур маълумотҳо аз 20 корхона ва ташкилотҳои истеҳсолии ватанӣ ҷамъоварӣ карда шуданд. Феҳрист то охири моҳи июли соли ҷорӣ ба анҷом расонида шуда, барои корбарӣ пешниҳод карда мешавад.
Баҳри тараққиёти устувор ва бехатарии ҳаёт
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Кумита чораҳои зарурӣ андешида истода, раванди иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташудаистода зери назорат қарор дорад ва барои бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Раиси Кумита қайд намуд, ки дар баробари пешравиҳо дар соҳа камбудиҳо низ ҷой доранд, ки Кумита барои ислоҳи онҳо чораҷӯӣ намуда истодааст. Чӣ тавре, ки дар боло қайд намудам Стратегияи рушди соҳаи сохтмон қабул гардид, ки яке аз мақсадҳои асосии он ин муайян кардани самтҳои асосии рушди соҳа ва роҳҳои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мебошад.
Кумита барои рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, баланд бардоштани сатҳи меъмории миллӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави замонавӣ бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва бо сатҳу сифати баланд бунёд намудани бино ва иншоот дар назди худ як қатор вазифаҳоро банақша гирифтааст ва ҷиҳати амалӣ намудани онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Пас аз ҷамъбасти маърӯза Раиси Кумита ва муовинони ӯ ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон посух гуфтанд.

«РБ»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво