23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор намуд

240
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор намуд

Зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид ба гуруҳи васеи хабарнигорон оид ба натиҷаи фаъолияти яксолаи Кумита маълумоти муфассал дод. Ў қайд намуд, ки дар соли 2021 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи 14 миллиарду 757 миллиону 200 ҳазор сомонӣ истифода шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат ба масоҳати умумии 1 миллиону 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ба иттилои Зувайдзода М.М. моҳҳои январ-декабри соли 2021 фондҳои асосӣ ба маблағи 4 миллиарду 518 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ 12 миллиарду 499 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 26887 ҷойи талаба, беморхона барои 212 кат, дармонгоҳ барои 666 қабул дар як баст ва муассисаҳои томактабӣ барои 2137 ҷой ба истифода дода шуданд.
Айни замон, аз 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияҳо пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Таҳияи лоиҳаи Нақшаи генералии ноҳияи Данғара ба итмом расида, бо вазорату идораҳо ба мувофиқа расонида шуд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор намуд


Бо мақсади таъмини марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтор ва иншооти муҳандисӣ, ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №335 «Дар бораи сохтмони биноҳои на кам аз панҷошёнаи истиқоматӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ҶСК “Корезлоиҳа” дар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшудаи марказҳои шаҳру ноҳияҳо давоми солҳои 2020 ва 2021 асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи канализатсия барои шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кушониён, Левакант, Хуросон, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Истаравшан, Шаҳристон, Истиқлол таҳия карда шуда, барои дарёфти сармоя ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод карда шуд. Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи шабакаҳои корезии шаҳри Душанбе таҳия ва аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шуда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд,- гуфт Зувайдзода М.М.
Роҳбари Кумита таъкид бар он намуд, ки яке аз самтҳои фаъолияти Кумита ин танзими меъёрию техникӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад. Дар соли 2021 таҳияи 28 санади меъёрӣ ба анҷом расида, аз ин шумора 21 адад мавриди истифода қарор дода шуда, 7 санади меъёрии боқимонда пас аз баррасӣ дар Шӯрои илмию техникӣ бо фармоишҳои Раиси Кумита тасдиқ карда шуда, барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлия пешниҳод карда мешавад.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор намуд


Муқаррароти меъёрӣ ва қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи меъморию ороишӣ, иҷтимоӣ, гигиенӣ, демографӣ, шароити маҳал, зиддисӯхторӣ, ҳузуру ҳаловат, зебоӣ, санитарию эпидемиологӣ, зилзилатобоварӣ ва бехатарӣ таҳия мешаванд.
Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони масолеҳҳои сохтмонии ватанӣ аз ҷониби Кумита Феҳристи истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ барориши №01 ва №02 соли 2021 таҳия карда шуд, ки дар он рӯйхати 46 ташкилоту корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо дарҷи зиёда аз 400 номгӯйи маҳсулотҳо ҷойгир карда шуданд. Феҳрист дар як сол ду маротиба бо назардошти дигар шудани нархҳо ва намуди маҳсулотҳо таҳия мегардад.
Қайд гардид, ки корҳои сохтмонию ободонӣ дар иншооте, ки ба истифода додани онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, зери назорати мутахассисони Кумита қарор дода шуда, дар асоси санҷишҳои дар ин самт гузаронидашуда дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам маълумоти муфассал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Сипас, Раиси Кумита ба саволҳои сершумори рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас дод.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор намудКумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор намуд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво