27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон

176
«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон7 июл бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар толори «Lichthof»-и Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон ҳамоиш бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардид.

Дар ин маърака намояндагони вазорату идораҳои марбута, вакилони Бундестаг, роҳбарони корпуси дипломатии муқими Берлин, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, илмӣ, собиқ сафирони Олмон дар Тоҷикистон, хабарнигорон ва ҳаммеҳанони бурунмарзӣ иштирок доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни оғоз бахшида, таваҷуҳи ҷамъомадагонро ба 30 соли рушди робитаҳои дипломатӣ ва дастовардҳои байни тарафҳо дар ин давра бадастомада ҷалб намуд.

Имомудин Сатторов нақши боризи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкиму тақвияти муносибатҳои дӯстӣ бо Олмон таъкид намуд. Ҳамчунин ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амният, обу энергетика, ҳифзи муҳити зист, обшавӣ ва наҷоти пиряхҳо пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим тамаркуз карда шуд.

Сардори Раёсати кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон хонум Анке Конрад табрикномаи роҳбарияти Вазоратро ба унвони Сафири Тоҷикистон ва ҳозирин расонид.

«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон


«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон


«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон


«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон

«ES LEBE UNSERE FREUNDSCHAFT! – ПОЯНДА БОД ДӮСТИИ МО!». Таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон


Бо истинод ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои илмӣ-фарҳангӣ, аксҳои суратгири шинохтаи тоҷик, собиқ мухбари суратгири АМИТ «Ховар», дастпарвари факултаи аккосии Донишгоҳи давлатии тарроҳӣ ва текнулужии Маскав Дидор Саъдуллоев, ки дар онҳо мероси ғании таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор бо кӯлҳои зебо, қуллаҳои осмонбӯс, шаҳрҳо ва мардуми меҳмондӯст инъикос ёфтаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамзамон, нусхаи аксҳо аз Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” барои меҳмонон қобили таваҷҷуҳ буданд.

Бо мақсади огаҳии бештар пайдо кардан аз таърих ва фарҳанги пурғановати халқи тоҷик китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони олмонӣ ба иштироккунандагон тақдим гардид.

Баъд аз анҷоми қисмати расмӣ барои меҳмонон дастурхони пурнозу неъмати тоҷикӣ бо анвои гуногуни ғизо ва меваҳои хушки ватанӣ ороста ва пешниҳод шуд.

Ҳамоиш бо нидоҳои «Es lebe unsere Freundschaft!» – «Поянда бод дӯстии мо!» ба поён расид.

АКС: Сафорати ҶТ дар ҶФО




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво