27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар намоишгоҳи «Уфуқҳо» дар Олмон санъат ва фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ мешавад

147
1 июн дар Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон маросими ифтитоҳи намоишгоҳ таҳти унвони «Уфуқҳо» бахшида ба 30- солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Олмон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он санъат ва фарҳанги Тоҷикистон низ муаррифӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бо аксҳо ва маълумоти муфассал дар бораи таърихи ҳамкории судманди дуҷониба бо Олмон, ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои мухталифи муштарак дар минтақаҳои кишвар дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, неруи сабз, санъат ва фарҳанг муаррифӣ шудааст», — иттилоъ доданд дар ВКХ.

Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба сиёсати фарҳангӣ хонум Ирмгард Мариа Феллнер ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг ба намоиши фарҳангӣ ҳусни оғоз бахшиданд.



Дипломатҳои олмонӣ зимни суханронӣ дар бораи аҳамияти рушди робитаҳои байнифарҳангӣ ҳамчун омили ба ҳам наздик кардани миллатҳо ва тақвияти беш аз пеши ҳамкорӣ дар ин самт таъкид доштанд.

Намоишгоҳ аз 1 июн то 5 августи соли 2022 идома меёбад.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво