24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Олмон аз мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳ барои омода намудани террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуданд

110
30 август дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас нишасти матбуотӣ доир гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ҷонибҳо мавзӯъҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар меҳвари гуфтугӯ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъ дар Афғонистон, ки имрӯз пурпечутоб ва пешгӯинашаванда мебошад, қарор гирифт.

Дар нишасти мазкур вазирони ду давлат бо изҳори нигаронии худ оид ба ҳолати душвор дар Афғонистон пайомадҳои эҳтимолии амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии онро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ яке аз омилҳоест, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон мусоидат мекунад. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон ҳукумати дигарро, ки бо роҳи зӯроварӣ ва таҳмил барпо карда мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Сироҷиддин Муҳриддин тазаккур дод, ки бо дарназардошти таҳдиди бевоситаи ҳолати кунунии Афғонистон ба кишварҳои минтақа, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ бо Олмон дар масоили таъмини вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳи хос дорад.

«Мо омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои созанда ва гуманитарии Олмон изҳор намудем. Зикр кардем, ки барои таҳкими марз ва бартарафсозии пайомадҳои манфии нооромӣ дар кишвари ҳамсоя, офатҳои табиӣ ва COVID-19 Тоҷикистон ба дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла Олмон ниёз дорад»,-афзуд ӯ.

Дар нишаст аз ҷумла ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳ барои омода намудани террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуданд. Инчунин изҳор гардид, ки ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ мавқеи ҳамсон доранд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамзамон таъкид кард, ки “барои Тоҷикистон Олмон яке аз шарикони муҳим ва боэътимод дар Аврупо буда, мо барои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар масъалаҳои дорои аҳамияти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ кардем. Дар ин робита мо аҳамият ва нақши абзорҳои мавҷудаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсиро байни Тоҷикистону Олмон, инчунин ҳамкорӣ дар доираи “Осиёи Марказии сабз” ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро таъкид намудем”.

Дар охир иброз карда шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун таҳдиди аввалиндараҷа ба сулҳу субот дар минтақаҳои мо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, мо омодаем бо Олмон барои мубориза ва пешгирии ин зуҳурот ҳамкорӣ кунем.

Бо таъкид ба зарурати таҳкими пояи ҳуқуқӣ таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният барои имзо омода мебошад.

Ҳамин гуна мо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва тавсеаи ҳамкории минбаъдаро муҳим мешуморем.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво