29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Франк Валтер Штайнмайер

973
Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайерро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки “Тоҷикистон авлавиятҳои дар давраи раисии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар САҲА муайяншударо пурра дастгирӣ карда, таҷдиди муколама ва эҳёи эътимоду амният дар фазои САҲА, тақвият бахшидан ба иқтидори он, истифодаи фаъоли имконоти Созмон дар рафъи бӯҳрон ва ҳали низоъҳоро дар мадди назари аввал қарор медиҳад”.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, мушкилоти Афғонистон, вазъи сарҳадот, терроризму экстремизми динӣ ва ҷиноятҳои муташаккил табодули афкор карда, рушду тавсеаи ҳамгироиҳоро дар ин самт ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.
Зимни баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳои гуманитарӣ таъкид гардид, ки имрӯз ҳамшарикии миёни кишварҳо дар сатҳи ҳамкориҳо баҳри таъмини рушди устувор қарор дошта, миёни ду кишвар заминаи хуби шартномавию ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.
Дар мулоқот аз Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кӯмак ҷиҳати дастрасӣ ба Бунёди Иқлими Сабз дар доираи Барномаи “Омодагӣ ба маблағгузории иқлим” ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонии Тоҷикистон арзи сипос карда шуд.
Ҳар ду ҷониб ҳамзамон барои рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ омодагию ҳавасмандии хешро баён намуданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили марбут ба обу энергетика, нақлиёту транзитӣ ва экологӣ сурат гирифт.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво