26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Берлин бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд

207
Дар Берлин бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд25 март дар шаҳри Берлин бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ду барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дар фазои мутантан гузаронида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Дар барномаи ҷашнӣ ҳамватанони муқими Олмон, доираҳои илму фарҳанг, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, кормандони воситаҳои ахбори омма, меҳмонони фахрӣ ва дӯстони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки Наврӯз таҷассуми чеҳраи инсонӣ, хираду фазилат, одобу маърифат, илму адабу дониш ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқи тоҷик мебошад.

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Хол дар хотири меҳмонон таассуроти дилнишин боқӣ гузошт.

Баъд аз анҷоми қисмати фарҳангӣ барои меҳмонон дастархони наврӯзӣ бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста шуд.

Дар Берлин бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд




АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶФО




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво