26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Тоҷикистон аз иқдомоти Сарвари Узбекистон барои таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қарақалпокистон ҷонибдорӣ карданд

148
Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз талошҳои сарвари давлати ҳамсоя барои таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қарақалпокистон изҳори ҷонибдорӣ намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, суҳбати телефонии сарони ду давлат дирӯз, 4 июл сурат гирифт.

Ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, неки ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва судманд дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо таъкид гардид.

Бо қаноатмандӣ ба роҳ мондани ҳаракати қатораи мусофиркаш байни Тошканд ва Душанбе, оғози кори амалии лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Ёвон дар дарёи Зарафшон зикр карда шуд.

Ҳамчунин оид ба мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.

АКС: Хадамоти матбуоти ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво