26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

212
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом додандИмрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.

Дар оғози суҳбат роҳбарони ду давлат ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ ба мардумони Тоҷикистон ва Узбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистонро дар арсаи мухталифи ҳамкорӣ, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд. Бо изҳори қаноатмандӣ ҷараёни рушди ҳамаҷонибаи онҳо таъкид гардида, ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои дуҷониба бо муҳтавои нави амалӣ изҳори итминон карда шуд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба кишвари ҳамсоя дар фурсати муносиб даъват ба амал овард. Замони мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг карда мешавад.

Дар идомаи суҳбат роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, минҷумла вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро мавриди муҳокима қарор доданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво