4 октябр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

557
5 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳама сатҳҳо баррасӣ карда, аз натиҷаи сафарҳои ҷавобии давлатӣ, имзои санадҳои нав, хоҳишу талошҳои мардумон барои таҳкими дӯстию бародарӣ, вазъи имрӯзаи робитаҳои ҳамдастии ду кишвар дар бахшҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин омодагии ҷонибҳо ва саъю талошҳои муштарак барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони онҳо таъкид гардид.

Сарвари давлати Ӯзбекистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво