26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вилояти Суғд беш аз 60 ҳазор нафар кӯдакон бори аввал ба мактаб мераванд

2835
Ҳамасола дар кишвар 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил шуда, бо садо додани занги аввал оғози соли нави хониш эълон мегардад. Ва боз шеъри хеле машҳури Абдусалом Деҳотӣ «Эй булбулакони боғи дониш» баланд ва мутантан садо медиҳад:

Эй булбулакони боғи дониш,
Шодона таронаҳо муборак!
Боз омадааст фасли хониш,
Таҳсили нави шумо муборак!
Дар вилояти Суғд беш аз 60 ҳазор нафар кӯдакон бори аввал ба мактаб мераванд

Тавре аз Раёсати маорифи Суғд иттилоъ доданд, соли равон дар Рӯзи дониш дар ҳамаи мактабҳои вилоят соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз ёфта, дар ин рӯз 924 муассисаи таълимӣ дари худро ба рӯи 499 ҳазор нафар толибилмон, ки аз онҳо зиёда аз 62 ҳазор нафарашон хонандагони синфи як мебошанду бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд, боз менамоянд. Ва 35 ҳазор нафар омӯзгорон ин дӯстрӯяконро ба ҷараёни таълим фаро мегиранд.

Ҳамчунин тибқи маълумоти масъулин аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, дар ин рӯз 48 адад мактаби таҳсилоти умумии шаҳр беш аз 4,5 ҳазор толибилмони синфи якро ба мактаб қабул хоҳанд кард. То имрӯз дар ҳамаи мактабҳои шаҳр корҳои таъмиру таҷдид ба охир расида, синфхонаҳо бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Падидаи наве, ки дар соли хониши ҷорӣ сокинону мактаббачагони Хуҷандро интизор аст, ин моҳи ноябр дар арафаи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар микроноҳияи 8-уми маҳаллаи Темурмалик ифтитоҳ ёфтани боз як мактаби замонавӣ – Муассисаи давлатии мактаби инноватсионӣ барои хонандагони болаёқат бо фарогирии 1280 нафар хонанда мебошад. Ҳоло дар мактаби мазкур корҳои омодагӣ барои оғози соли хониш ва қабули хонандагон ҷараён доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво