26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ тақвият меёб

168
Миёни Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ тақвият меёбТавре қаблан хабар додем, ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо шарикони рушд ба Туркия сафар намуд ва дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҳайатро волии Анталия Эрсин Язичӣ ба ҳузур пазируфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Зимни суҳбат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган мамлакатҳо муносибатҳои хуби дӯстона доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд, имконияти мавҷуда ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фазои сармоягузорӣ маълумот дода, хостори тақвияти робитаҳо бо вилояти Анталияи Туркия гардид.

Эрсин Язичӣ меҳмононро ба шаҳри Анталия, ки аз минтақаҳои маъруфи сайёҳӣ дар олам аст, хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «сафари намояндагони вилояти Суғди Тоҷикистони дӯсту бародар ба беҳтаршавии муносибатҳо мусоидат менамояд».

Волии Анталия ҳамзамон афзуд, ки Анталия аз муҳимтарин марказҳои сайёҳии Туркия аст ва он бо зебоиҳои таърихӣ ва табиӣ, иншооти фарҳангӣ, минтақаҳои бостонӣ дар маркази таваҷҷуҳи сайёҳон қарор дорад. Инчунин соҳаи кишоварзӣ низ дар ин минтақа рушд ёфта, маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ дар Анталия истеҳсол мегардад.

Раиси вилояти Суғд иброз дошт, ки воқеан ҳам Анталия як шаҳри пешқадам дар бахши гардишгарӣ ва ҳам дар бунёди гармхонаҳои муосир аст ва дар ин самт ҷонибҳо метавонанд ҳамкории пурсамар дошта бошанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулин ва доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо таҷрибаҳои пешқадам шинос шуда, барои татбиқи навовариҳо дар оянда талош меварзанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво