23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд

172
Ҳайати вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои ҷалби сармоя ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиву фарҳангӣ бо шарикони рушд ба Туркия сафар кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ҳадаф аз сафари ҳайат ба Туркия ба роҳ мондани ҳамкории судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Анталия, Қайсарӣ ва Истанбул буда, зимни он намояндагони вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид мекунанд ва бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур вохӯриҳо бо роҳбарияти минтақаҳои зикршуда, инчунин дар шаҳрҳои Анталия ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳри Қайсарӣ бизнес — форуми байниминтақавӣ ва мулоқот бо соҳибкорон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво