25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид

223
22 апрел миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона — шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара, шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

22 апрел дар Театри вилоятии ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи «Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст» бизнес-форуми минтақавӣ баргузор гардид.

Дар кори бизнес-форум роҳбарони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии се вилояти ҳаммарз ширкат доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҳамоиши минтақавӣ омодагии вилояти Суғдро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва муштарак баён дошт. Зикр гардид, ки ташкили ҳамоиши имрӯза баҳри тақвияти ҳамкорӣ заминаи воқеӣ гузошта, ҷонибҳоро итминон мебахшад, ки дар оянда баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз тамоми имконият истифода бурда шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки минтақаҳои наздисарҳадӣ дар фазои сулҳ ва дӯстона бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ба муносибатҳои муштарак таҳким бахшида, барои зиёд шудани доду гирифти молу маҳсулот хизмат мекунанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво