26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кормандони раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук касбияти худро дар самти фаъолияти кинологӣ баланд бардоштанд

144
Кормандони раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук касбияти худро дар самти фаъолияти кинологӣ баланд бардоштандКормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода ва шаҳри Душанбе дар заминаи Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории давраи омӯзишӣ савияи дониш ва касбияти худро дар самти фаъолияти кинологӣ баланд бардошта, соҳиби гувоҳнома гардиданд.

АМИТ «Ховар» ба истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин машғулият ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши кормандони дар самти кинологӣ фаъолияткунандаи мақомоти гумрук роҳандозӣ гардид. Дар давраи омӯзишӣ кормандон аз раёсатҳои минтақавии гумрукии шаҳру ноҳияҳо бо сагҳои хизматии худ иштирок намуданд.

Ҳадафи ташкили машғулияти омӯзишӣ- омода намудани нозирон-кинологҳои мақомоти гумрук ва сагҳои хизматии онҳо мебошад, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо нақши муҳим мебозад.

Машғулият аз тарафи устодони Маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби кормандони масъули раёсатҳои дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук тибқи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 гузаронида шуд.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Изатулло Ҳурматзод ва муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ Раҳмоналӣ Раҳимзода аз раванди омӯзиш дар маркази кинологии Агентӣ, шароити буду боши кормандон ва нигоҳубини сагҳои хизматии мақомоти гумрук диданд намуданд.

Ҳамчунин дар саҳни ҳавлии Маркази кинологии Агентӣ чорабинии амалӣ оид ба натиҷаи омӯзиш баргузор гардид.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво