20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

346
Дар Москва байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ Созишнома ба имзо расонида шуд.

Санади мазкурро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия Владимир Булавин ба имзо расониданд.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон байни мақомоти гумурки Тоҷикистон ва Россия Протокол оид ба мубодилаи ҳуҷҷатҳо ва маълумот доир ба арзиши гумрукии молҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия интиқолёбанда имзо гардид.

Гуфта мешавад, ки имзои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоидро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ марбут ба саркашӣ аз андозситонӣ, даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, дастрасии маълумот оид ба мубодилаи иттилооти зарурӣ, ки барои муайян ва назорат намудани арзиши гумрукии молҳо заруранд, фароҳам меорад.

Инчунин он ба омӯзиши мушкилиҳои ҷойдоштаи алоқаманд ба муайянкунии эътимоднокии иттилоот оид ба моли воридотӣ, аз ҷумла ҳангоми назорати арзиши гумрукӣ мусоидат менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво