27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ОИЛА ВА ҶАМЪИЯТ». Таҳти чунин унвон барои донишҷӯдухтарон давраи омӯзишӣ доир шуд

73
«ОИЛА ВА ҶАМЪИЯТ». Таҳти чунин унвон барои донишҷӯдухтарон давраи омӯзишӣ доир шудДар иртибот ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола 15 май дар саросари ҷаҳон ва дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки раисони шӯрои занон, шаҳраку маҳаллаҳо бо ҷалби донишҷӯдухтарони фаъолу болаёқати донишгоҳҳои пойтахт таҳти унвони «Оила ва ҷамъият» давраи омӯзишӣ баргузор гардид.

Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова гуфт, ин чорабинӣ ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 26 июли соли 2021 тасдиқ гардидааст, гузаронида шуд. «Солимгардонии фазои маънавии оилаҳо, баланд бардоштани тафаккуру андешаи наҷибу асолати оиласолорӣ, ҳифзи ифтихор ба тозагиву муқаддасоти оилавӣ ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ миёни занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт аз ҳадафҳои асосии давраи омӯзишӣ мебошанд»,- афзуд Заррина Зуҳурова.

Мавриди зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳҳид /СММ/ эълон шудааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Ин аст, ки бо дарназардошти таҳикими фарҳанги оиладорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои тақвияти пояҳои давлатдорӣ ва устувории оилаҳо соли 2015 аз ҷониби Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Соли оила эълон гардида буд.

АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво