27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон хатари зуҳуроти сел то охири ҳафта боқӣ мемонад

178
Дар Тоҷикистон хатари зуҳуроти сел то охири ҳафта боқӣ мемонадТо охири ҳафта дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва наздикӯҳии Тоҷикистон хатари баланди фаромадани сел боқӣ мемонад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат ва ширкатҳои сайёҳӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба назди обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругашт дар кӯҳҳо даст кашанд.

Ҳамчунин Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки то ҳадди имкон дар чунин рӯзҳои борониву хатаровар аз сафар аз тариқи роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, рафтан ба ҷамъоварии гиёҳҳои дорувору ғунучини ҳезум, ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.

Кумита ҳамчунин ба аҳолӣ ёдовар мешавад, ки ҷӯйборҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок пок кунанд, то об маҷрои худро дигар карда, вориди ҳавлиҳо нашавад.

АКС аз бойгонӣ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво