27 сентябр 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ

740
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар суҳбати самимию созанда муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки дар асоси эътимоду боварии мутақобила ба роҳ монда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре таъкид гардид, зиёда аз 80 санад пояҳои ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои байнидавлатиро ташкил дода, робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, амнияту мудофиа, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, илму маориф ва фарҳанг дар сатҳу сифати барои ҷонибҳо манфиатбахш идома дода мешаванд.

Омодагию ҳавасмандии зиёд барои вусъати ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии бунёди роҳҳои оҳан ва хаттҳои интиқоли неруи барқ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ зарурати тақвият бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ ва рушду тавсеаи бештари ҳамкорӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои сарҳадии ду давлатро таъкид намуданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво