12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян

6767
Бегоҳии рӯзи 13-уми октябри соли равон дар шаҳри Ереван мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд.
Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардиданд.
Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои ду давлат дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмании худро барои густариши бештари муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Арманистон барои дастгирии узвияти Тоҷикистон дар Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ва расонидани кӯмак дар кори таҳкими сарҳади ҷанубии Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
02Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ мароқ зоҳир карда, дар ин замина фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арманистонро махсус таъкид намуданд.
Тавре таъкид гардид, муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Арманистон дар заминаи беш аз 30 санади ҳамкорӣ, ки соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, сохтмон, ҳифзи муҳити зист, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро фаро мегиранд, роҳандозӣ шуда, дар мувофиқаи ҷонибҳо боз наздик ба 10 санади нави ҳамкорӣ қарор дорад, ки ҳамкории ду давлатро дар самти рафту омади шаҳрвандон,соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва робитаҳои байни ниҳодҳои илмӣ пешбинӣ менамояд.
Дар мулоқот ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи Афғонистон, ҳифзи сарҳади байнидавлатӣ, мубориза бар зиди терроризму экстремизм ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуданд.





Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво