Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд
427
30 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки таъмини амнияту суботи умумии мо яке аз бахшҳои калидии ҳамгироии Тоҷикистону Россия мебошад ва дар ин ҷода ҳамкории мо ба таври матлуб рушд карда истодааст. Изҳори боварӣ карда шуд, ки танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем. Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шаванд. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду давлат зарур шумурда шуд. Ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории низомӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва таҳкими робитаҳои байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |