Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба Тоҷикистон омад
372
Имрӯз ҳайати коршиносони дастгоҳи шӯроҳои амнияти Федератсияи Россия бо роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе машварати кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор мегардад. Инчунин имрӯз вохӯрии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев дар назар аст.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |