24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе машваратҳои Тоҷикистон ва Россия оид ба масъалаҳои амниятӣ баргузор гардиданд

302
Имрӯз дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратии коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Пайрав ҚОСИМ аз макони баргузории ҷаласаи машваратӣ иттилоъ медиҳад.

Машваратҳоро котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев бо иштироки намояндагони як зумра вазорату идораҳои ду давлат баргузор намуданд.

Зимни машваратҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккил, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир муҳокима шуданд.

Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон, тадбирҳои муқовимат бо таҳдиду чолишҳо, вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкории Россия ва Тоҷикистонро дар соҳаи амнияти иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иштирокдорони машваратҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамоҳангсозии мавқеъҳои вазорату идораҳои манфиатдори Тоҷикистон ва Россияро оид ба масъалаҳои муҳими таъмини амният дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва СААД идома диҳанд.

Аз рӯи натиҷаҳои машваратҳо котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев Протоколи дахлдор ба имзо расониданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво