19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷаҳони муосир ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

629
Китоби нав-маҷмӯаи суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 222 саҳифа бо забони русӣ дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе таҳти номи «Дар бораи ҷаҳони муосир ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон асосгузор ва раҳбари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дипломатияи муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Дар китоби нашршуда бори аввал ҳамаи матнҳои марбут ба бахшҳои сиёсати хориҷии дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат аз солҳои 2000 то соли 2018 инъикосёфта гирд оварда шудаанд.

Таҳқиқи онҳо ба хонандаи шавқманд имкон медиҳад, ки аз суханрониҳои мустақими Сарвари давлат бевосита оид ба асосҳои консептуалӣ, хислат, самтҳои асосӣ, масъалаҳои рӯзмарра ва ташаббуси байналмилалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқтидори сиёсии хориҷии кишвар, таҳаввули доктринаи сиёсии хориҷӣ, афзалиятҳои асосии сиёсии хориҷӣ, хусусиятҳои хоси дипломатияи иқтисодӣ ва стратегияи иқтисодии хориҷии давлат барои худ маълумот ба даст орад.

Маҷмӯаи президентӣ бо ташаббуси ҳайати таҳририяи «Народная газета»- нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба табъ расидааст. Китобро муаллифи пешгуфтор — доктори илмҳои таърих, мушовири калони дастгоҳи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода ва номзади илмҳои сиёсӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова тартиб додаанд.

Шакли электронии нашрия дар сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир шуда, китобро аз китобхонаҳо ва мағозаҳои китоби пойтахти ҷумҳурӣ дастрас намудан мумкин аст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво