19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин ном китоби нав ба табъ расид, ки ба Соли ҷавонон бахшида шудааст

640
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ҲОМӢ ВА РАҲНАМОИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин ном китоби нав ба табъ расид, ки ба Соли ҷавонон бахшида шудаастНашриёти «Истеъдод» китоби наверо таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон- ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон» бо теъдоди 100 нусха аз чоп баровард. Муаллифони китоби мазкур Абдураҳмон Хонзода ва Бахтиёр Ҳамдам буда, он зери назари муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода нашр гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки китоби мазкур аз дастовардҳои мамлакат дар замони истиқлолият оид ба сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, ки дар он саҳм ва нақши асосиро Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишғол менамояд, маълумот медиҳад.

Ин китоб ба Соли ҷавонон бахшида шуда, муаллифон кӯшидаанд, ки сиёсати бунёдкорона, мутавозин ва дурбинонаи Президентро оид ба сиёсати ҷавонон бо мисолҳо ва далелу арқоми мушаххас возеҳу равшан инъикос намоянд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво