18 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» дастраси хонандагон гардиданд

823
Дар матбааи нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби нав бо номи «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» мунташир гашт. Муаллифон–мураттибони ин нашрияи арзишманд доктори илмҳои таърих, мушовири калони Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ва донишманду муҳаққиқи ҷавон Арафамоҳ Даминова мебошанд. Дар ин китоб, ки аз бобҳои «Ҷомеа», «Давлату давлатдорӣ», «Амният», «Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Сиёсати хориҷӣ» ва «Маънавиёт» иборат аст, бори аввал ба забони тоҷикӣ мазмуну моҳияти мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат ва консепсияи давлатдории Тоҷикистони муосир баён шудаанд.

Муаллифон–мураттибон умедворанд, ки омӯхтан ва дастури кору амалу зиндагӣ қарор додани ин 31 мафҳуми калидӣ ба ходимони ҷамъиятӣ, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён ва толибилмон дар пешбурди фаъолияти маърифатию илмӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво