19 август 2022, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро ба ҳузур пазируфтанд

77
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро ба ҳузур пазируфтандИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкории ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид.

Дар ин зимн мавзӯъҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Ба ин манзур муҳиммияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шуд.

Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.

Дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво