29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳайати Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералии ФР ба Тоҷикистон омад

177
Ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Игор Краснов 25 июл бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омад.

Дар ҷаласа талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати мушовара имзои лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ миёни ҳар ду ниҳод дар назар аст.

Тавре интизор меравад, меҳмонон аз осорхонаи этнографӣ ва Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» дидан карда, ба пояи лавҳаи ёдгории Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе гулчанбар мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта зимни вохӯрии Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов Ёддошти тафоҳум оид ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия барои солҳои 2022-2025, ки ба густариши равобити дуҷониба равона гардидааст, ба имзо расонида шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво