26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён

172
Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли НаҳёнИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Валиаҳди Абӯ-Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Волоҳазрат,

Хабари даргузашти бародари гиромиатон, Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Халифа ибни Зоид Оли Наҳён боиси андӯҳи бузурги мо гардид.

Марҳум ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва яке аз бузургтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд ва барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту тараққии Аморот саҳми бузург гузоштааст.

Дар замони раҳбарии шодравон ба шарофати талошҳои пайвастаи ӯ муносибатҳои созандаи дуҷонибаи Тоҷикистону Аморот рушду тавсеаи тоза ёфта, ба сатҳи сифатан баландтар бардошта шуданд. Мулоқоту тамосҳои сермаҳсули худро бо эшон бо некӣ дар ёд дорам. Мардуми Тоҷикистон имрӯз дӯсти дерина ва самимии худро аз даст дод.

Дар ин рӯзи мусибати бузург аз номи худ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллиёти самимии ин ҷонибро нисбати ин талафот ба тамоми мардуми бародари Амороти Муттаҳидаи Араб баён намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол масъалат дорам, ки шодравонро ғариқаи раҳмату шоистаи ҷаннат бигардонад ва ба наздикону пайвандонаш сабри ҷамил ато фармояд.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун”.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво