Оғози сафари расмии Пешвои миллат ба Амороти Муттаҳидаи Араб
1029
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Абу Забӣ — пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд. Сипас Фармондеҳи Горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод. Ба ифтихори меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тупхонаҳо шиллик паронда шуд. Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Абу Забӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд. Нахуст ба Валиаҳди Абу Забӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати расмии Амороти Муттаҳидаи Араб шинос шуд. Бо ҳамин маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |