28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

239
Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар барқияи табрикии Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зойид Оли Наҳён омадааст:

“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Боиси хушҳолии беинтиҳо ва шарафи бузурги ман аст, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба давраи нави президентӣ самимона табрик намоям.

Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро хоҳонам”.

Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Др. Бандар М. Ҳ. Ҳаҷҷор, дар барқияи шодбошии худ зикр менамояд:

“Ҷаноби Олӣ,

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракату,

Аз номи Бонки Исломии Рушд мехоҳам Шуморо Ҷаноби Олӣ ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намоям. Ман аз Худованди Бузург ба Шумо Ҷаноби Олӣ барои идомаи роҳбарии мардуми шарифи Тоҷикистон дар роҳи рушди минбаъдаи назаррас, шукуфоӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон комёбӣ ва муваффақиятҳоро орзумандам.

Бо истифода аз фурсати муносиб омодагии Бонки Исломии Рушдро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар доираи тадбирҳои таъхирнопазири дастёбӣ ба истиқрору рушди иқтисодӣ дар марҳилаи пас аз пандемияи COVID-19 изҳор менамоям.

Умедворам робитаҳои мустаҳками мавҷудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд дар партави Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар саросари ҷаҳон эътироф шудаанд, тақвият хоҳанд ёфт.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, таманниёти неки бепоёни маро бипазиред”.

Номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат ҳамчунин аз номи Шайх Муҳаммад ибни Рашид ал-Мактум – Ноиби Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб ва Ҳокими Дубай, Шайх Муҳаммад ибни Зоид ал-Нахайён – Валиаҳди Абу Забӣ, Муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин Патриархи Москва ва кулли Русия Кирилл ворид гардиданд.

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони пешвои миллат идома дорад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво