26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Самарқанд вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид

434
Аз 11 то 17 апрели соли 2019 дар Самарқанд вохӯрии навбатии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ҳамоҳангсозии масъалаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии аломатгузории Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ ва техникии аломатгузории Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳамоҳанг намуда, ҳамзамон нақшаи замонии корҳои саҳроиро омода намуданд.

Бар пояи натиҷаҳои вохӯрӣ Протокол ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Бино ба тавофуқи ҳосилшуда, вохӯрии навбатии ду кишвар даҳаи дуюми моҳи майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво