6 декабр 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қабули изҳороти муштараки ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба шарикӣ

1135
Дар маҷмааи «Форумлар мажмуаси»-и шаҳри Самарқанди кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рӯзи 1 ноябр вохӯрии вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, ба ҷаласаи муштарак вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҳусни оғоз бахшида, дар вохӯрӣ Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ, вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон - Ерлан Идрисов, Қирғизистон - Эрлан Абдилдаев, Тоҷикистон - Сироҷиддин Аслов ва Туркманистон - Рашид Мередов иштирок карданд.
Гуфта мешавад, оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсату иқтисод ва тиҷорату фарҳанг табодули назар сурат гирифта, масоили муҳиму рӯзмарраи минтақавӣ ва байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ИМА Изҳороти муштарак қабул шуда, иштирокдорони вохӯрӣ ташкили шакли нави ҳамкории «С5+1» (кишварҳои Осиёи Марказӣ + ИМА)-ро барои роҳандозии муколамаи мунтазами сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии шаш давлат ҷиҳати баррасии масоли мавриди таваҷҷуҳи тарафайн маъқул шумориданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво