25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ баргузор гардид

410
Аз 4 то 6 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жаниш Разақов ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои давом додани кашидани гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда, оид ба ивази эҳтимолии қитъаҳои замин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади баратараф кардани реза-қитъаҳо ва порча-қитъаҳо, инчунин таъмини амну субот дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва ба анҷом расонидани харитаҳои бузурги делимитатсионии топографии миқёси 1:10 000 Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар асоси манфиати мутақобила ба анҷом расонидани муайянсозии хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки кафили субот ва ҳамсоягарии нек дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мегардад, баён намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво