26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Имрӯз Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри тоҷикӣ-форсӣ Саъдии Шерозист

2585
  Имрӯз Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри тоҷикӣ-форсӣ Саъдии Шерозист Аввали моҳи урдибиҳшт (баробар ба 21 апрели соли милодӣ) ҳар сол Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри тоҷикӣ-форсӣ Шайх Саъдии Шерозист.
Муcлиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Аз рӯи гуфтаи худи Саъдии Шерозӣ хонаводаи ӯ ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз арбобон ва донишмандон будаанд.
Таҳсили ибтидоии Саъдӣ дар зодгоҳаш гузаштааст. Дар пешравии маънавии ӯ ҳиссаи падараш хеле бузург буд. Баъдҳо суханвари бузург борҳо ба хотир меорад, ки чӣ навъ падараш ӯро ба омӯхтани илм, андӯхтани дониш ва ҳурмати муаллиму устод ташвиқ мекард. Ӯ он лаҳзаҳоро ба хотир оварла, бо камоли фахр мегӯяд:

Ман он raҳ сари тоҷвар доштам,

Ки cap дар канори падар доштам.

Агар дар вуҷудам нишастӣ магас,

Парешон шудӣ хотири чанд кас.

Мутаассифона, айёми кӯдакии бофароғати Муслиҳиддин дер давом намекунад. Тақрибан дар 12-13-солагии ӯ падараш аз олам мегузарад. Чашидани заҳри ятимӣ тамоми умр ӯро дар хотир мемонад. Ҳатто соли 1257 шоир ба ин мусибати айёми бачагии худ ишорат намуда, навишта буд:

Маро бошад аз дарди тифлон хабар,

Ки дар хурдӣ аз cap бирафтам падар.

Марги падар зиндагии хонаводаро дигаргун сохт. Бародари Муслиҳиддин хонданро партофта, ба дӯкондоре шогирд истод, то маоши оиларо таъмин намояд. Муслиҳиддин баръакс ба хондан бешгар меҳр монда, баъди дар тахсил аз тамоми имкониятҳои Шероз истифода бурдан барои хонданро давом додан дар охирҳои асри XII роҳи Бағдодро пеш гирифт. Вай ба мадрасаи калонтарини Бағдод Низомия, ки аз тарафи Низомулмулки Тӯсӣ (1017-1092), вазири Салчуқиҳо сохта шуда буд, дохил шуда, таҳсили худро давом дод.

Мадрасаи Низомия аз мадрасаҳои дигари Бағдод бо он фарқ мекард, ки машҳуртарин олимони замон дар он дарс мегуфтанд. Адабиёт дар доираи мударрисон ва донишҷӯёни он мақоми бузург дошт. Дар китобхонаи Мадраса беш аз 200 000 ҷилд китобҳои қаламӣ нигоҳ дошта мешуд. Дар саҳни Мадраса мулоқотҳо, ваъзгӯиҳо ва баҳсҳои аҷоиб барпо мегардиданд. Саъдӣ дар нн муҳит тарбия меёфт ва чун донишҷӯи пешқадам маош (идpop) мегирифт.

Ҳангоми таҳсил дар Мадраса Саъдӣ ба тасаввуф ва ирфон майл намуда, таълимоти Абдулқодири Ҷелонӣ (ваф. 1127)-ро пазируфт. Ниҳоят дар солҳои 1215-1216 Саъдӣ аз Бағдод ба саёҳат баромад.

Вай аввал роҳи шаҳрҳои муқаддаси Маккаю Мадинаро пещ гирифт. Дар ибтидо Саъдӣ фақат нияти ҳаҷ дошт. Вале дар тӯли роҳ ӯ бо мардумони гуногун вохӯрда, дар бисёр маҳфилҳо маҷлисҳои ваъз орост, осори харобию зулмро дида, бо насиҳатҳои ҳакимонаи худ мехост, ки ба дарди мардум марҳам шавад. Бинобар ҳамин сафари ӯ бо ҳаҷгузорӣ ба охир нарасид. Шоир саёҳаташро қариб чиҳил сол давом дода, пиёда ва ҳамроҳи корвониён Ҳиҷозу Шом, Мисру Фаластин, вилоятҳои Мағрибу Озарбойҷон, Арманистон, Осиёи Хурду Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон, Қошғару Хиндустон, Ҳабашистону Африкои Ҷанубӣ ва ғайраро давр зад.

Ҳангоми ин сафарҳо Саъдӣ аз халиҷи Форс, баҳрҳои Уммону Миёназамин, Сурху Ҳинд ва ғайра низ убур кард. Баъди истилои муғул бисёрии ин кишварҳо ҳолати ҳузноваре доштанд. Вале Саъдӣ ҳангоми истиқоматаш дар шаҳрҳои Балху Бомиён, Исфаҳону Рай, Табрезу Байлақон, Басраю Кӯфа, Димишқу Байтулмуқаддас, Диёрибакру Баълабак, Қохираю Ҳалаб, Тароблису Қуния, Қошгар ва ғайра бештар ба гуфтани ваъз машғул мешуд.

Дар ин ҷаҳонгардӣ Саъдӣ аз халқҳои гуногун меомӯхт, таҷриба меандӯхт ва дар навбати худ донишу таҷрибаи хосилкардаашро ба дигарон меомӯзонд.

Дар суханрониҳои Саъдӣ тарғиби донишу ҳунар, ташвиқи омӯхтани илм, талқини одамгарӣ, ситоиши сулҳу сафо ва осоиш мақоми асосӣ дошт. Вай зулм, тааддӣ, ҷаҳолат, хиёнату ҷиноят ва ҷангро маҳкум мекард. Ин замони қатлу ғорат ва талаю тороҷи муғул буд, ки қариб баьди 40 соли cap шуданаш сояи шуми он ба Бағдод низ расида, соли 1258 шаҳрро ба харобазор табдил дод. Саъдӣ натанҳо бо нафрат истилои муғулро маҳкум мекард, балки ниҳоди нопоки хиёнаткорони маҳаллиро низ, ки бо истилогарон зуд забон як мекарданд, фош намуда, халқро хабар медод, ки аз ин турфа мардум бархазар бошанд:

Бишӯй, эй хирадманд, аз он дӯст даст,

Ки бо душманонат бувад ҳамнишаст.

Дар давоми сафари чиҳилсолаи худ Саъди борҳо ба душвориҳою маҳрумиятҳо ва азобу кулфатҳо гирифтор шудааст. Аввалан, ӯ дар сафарҳояш бо дуздону роҳзанон рӯбарӯ шуда, шахсан корвонро аз онҳо наҷот медиҳад. Faйp аз ин, ӯ дар мадрасаҳо, мусофирхонаҳо ва қозихонаҳои мамлакатҳои гуногун бо муллоҳои расмӣ, фақеҳон, рӯҳониёни тангназар, шайхон ва дарвештарошон мунозираҳои оштинопазир ороста, гоҳе корро то ба задухӯрд ва дастбагиребонӣ мерасонад. Вале дар ин талошҳо то ғолиб наояд ва рақибашро торумор накунад, аз ӯ даст намекашид. Муҳорнбаи то дами ғалаба талаботи ахлоқӣ ва рафтори писандидаи Саъдист. Ин сифати ӯ дар ҳикоятҳои «Фақеҳи кӯҳнаҷомаи тангдаст» («Бӯстон») ва «Ҷидоли Саъдӣ бо муддаъӣ дар баёни тавонгарию дарвешӣ» («Гулистон») барҷаста ҳувайдо мегардад. Гузашта аз ин, ӯ дар Искандарияи Миср баробари тамоми халқ заҳри қаҳтию гуруснагиро мечашад, дар ҷазираи Кеши халиҷи Форс меҳмони савдогари мумсике шуда, ҳангоми сафараш аз Димишк ба Фаластин дар ҷанги зидди салибдорони фарангӣ иштирок мекунад ва ба дасти онҳо асир меафтад.

Дар Санъо, ки яке аз шаҳрҳои Яман буд. писари ягонаи Саъдӣ дар хурдсолӣ вафот мекунад:

Ба Санъо дорам тифле андаргузашт,

Чӣ гуям, к-аз онам чӣ бар cap гузашт!

Сабаби асари безаволи худ «Бӯстон»-ро ба ҳокими Шероз бахшидани Саъдӣ он буд, кн Абӯбакр ибни Саъди Зангӣ дар тамоми Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрон ягона ҳокиме буд, ки бо тадбире соли 1226 Форсро аз тороҷи муғулон наҷот дода буд. Ин воқеа сабаб шуд, ки на танҳо як қисми Эронзамин, балки як ҳиссаи муҳими мероси фикрии халқҳои эронинажод аз нест шудан раҳо ёбад.

Шоир дар мнёнаи солҳои 50-уми асри XIII дар шаҳри Димишқ манзил ихтиёр намуд. Вай дидаю шунидаҳояшро ба риштаи назм кашида, соли 1257 дар ин гӯшаи ороми дунёи онрӯза бузургтарин асари манзуми худ «Бӯстон»-ро ба охир расонда, онро ба ҳокими Форс Абӯбакр ибни Саьди Зангӣ (1226-1260) ва писари ӯ Саъд ибни Абӯбакр, ки баьди 12 рӯзи марги падараш вафот кард, бахшид.

Охири соли 1257 ва аввали соли 1258 Саъдӣ баъди таҳсили илм, сафарҳо, саёҳатҳо ва ғарибиҳои 60-сола ба ватани аслии худ Шероз баргашт. Саъдӣ дур аз ватан бошад ҳам, медонист, ки аз соли 1203 то соли 1223 Шероз шаш бор аз тарафи Хоразмшоҳиён ва атобакони Озарбойҷон истило шуда буд. Хавфи тороҷи муғул низ ба он таҳдид мекард. Вале ӯ чун ба ватан баргашт ва онро дар осоиш дарёфт, ниҳоят шодмон шуд:

Чун боз омадам, кишвар осуда дидам

Зи гургон бадар рафта он тезҷангӣ.

Саъдии Шерозӣ соли 1258 дар муддати се моҳ шоҳасари ҷаҳоншумули дигари худ «Гулистон»-ро навишта, онро низ ба Абӯбакр ибни Саъди Зангӣ бахшид. Вале вақте ки ин ҳоким ба ӯ пешниҳод намуд, ки дар сафи дарбориёни вай қарор гирад, Саьдӣ ин хоҳиши ӯро напазируфт. Суханвари номӣ ба истиснои як сафари кӯтоҳмуаддат ба Арабистону Озарбойҷон расо чиҳил соли бақияи умри худро дар Шероз сипарӣ намуд.



Манзили Саъдӣ як фарсаҳ дуртар аз шаҳр вокеъ гардида буд. Орифону фозилон, шоирону нависандагон ва шогирдон сӯҳбати ӯро барои худ табаррук медонистанд.

Вафоти Саъдии Шерозӣ шаби сешанбеи 9 декабри соли 1292 иттифоқ афтод. Ӯро дар мавзеи Мусаллои Шероз ба хок супурданд. Марқади ӯ акнун тавофгоҳи аҳли дил аст.

Азбаски Саъдӣ 108 сол умр дидааст, дар байни халқ ибораи ”умри Саъдиёна” машҳур аст. Муроди бисёр одамон ба ин гуна син расидан аст.

Инак, чанд намуна аз ашъори ҷовидонаи Саъдии Шерозӣ

Дӯст машмор он ки дар неъмат занад,

Лофи ёрию бародархондагӣ.

***

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,

Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор.

***

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,

Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

***

Банни одамӣ аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

***

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Ҳар беша гумон мабар, ки холист,

Шояд, ки паланг хуфта бошад.

***

Эй лӯъбати хандон лаби лаълат кӣ мазидаст,

В-эй боги латофат бари рӯят кӣ газидаст?

Зеботар аз ин сайд ҳама умр накардаст,

Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз набуридаст!

Бисёр таваққуф накунад меваи пурбор,

Чун ом бидонист, ки ширину расидаст.

Нек аст, ки девор ба як бор бияфтод,

То ҳеҷ кас ин боғ нагӯӣ, ки надидаст.

Эй Хизр ҳалолат накунад чашмаи ҳайвон,

Донӣ, ки Сикандар ба чӣ меҳнат талабидаст.

Ин хуни касе рехтаӣ ё майи сурх аст?

Ё тути сиёҳ аст, ки бар ҷома чакидаст?

Гул низ дар ин ҳафта даҳан боз намекард

В-имрӯз насими саҳараш парда даридаст.

Рафт он, ки фуқоъ аз ту кашоянд дигар бор,

Моро бас аз ин кӯза, ки бегона макидаст…

Саъдӣ, ту бирав хайма ба гулзори дигар зан,

К-ин меваи боғи ту ба тороҷ расдаст.

***

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,

В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Ман мондаам маҳҷур аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,

Гӯйӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.

Гуфтам, ки бо найрангу фусун пинҳон кунам рози дарун,

Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.

Маҳмил бидор, ай сорбон, тундӣ макун бо корвон,

К-аз ишқи он сарви равон, гӯйӣ, равонам меравад.

Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,

Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.

Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нохушам,

Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.

Бо он ҳама бедоди ӯ, в-ин аҳди бебунёди ӯ,

Дар сина дорам ёди ӯ ё бар забонам меравад.

Бозою дар чашмам нишин, ай дилситони нозанин,

К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.

Шаб то саҳар менағнавам, в-андарзи кас менашнавам,

В-ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.

Гуфтам: бигирям, то ибил чун хар фурӯ монад ба гил,

В-ин низ напӯшонам, ки дил бо корвонам меравад.

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,

Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан, гӯянд ҳар навъе сухан,

Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад .

Саъдӣ фиғон аз дасти мо, лоиқ набуд, ай бевафо,

Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

***

Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам,

Ё гуноҳест, ки аввал мани мискин кардам.

Ту, ки аз сурати ҳоли дили мо бехабарӣ,

Ғами дил бо ту нагӯям, ки надонӣ дардам.

Эй, ки пандам диҳӣ аз ишқу маломат гӯйӣ,

Ту набудӣ, ки ман ин ҷоми муҳаббат хӯрдам.

Ту бирав, маслиҳати хештан андеш, ки ман,

Тарки ҷон додам аз ин пеш, ки дил биспурдам.

Аҳд кардем, ки ҷон дар сари кори ту кунем,

В-агар ин аҳд ба поён набарам номардам.

Ман, ки рӯй аз ҳама олам ба висолат кардам,

Шарти инсоф набошад, ки бимонӣ фардам.

Рост хоҳӣ, ту маро шефта мегардонӣ,

Гирди олам ба чунин рӯз на ман мегардам.

Хоки наълайни ту, эй дӯст на меъёрам шуд,

То бар он домани исмат нанишинад гардам.

Рӯзи девони ҷазо дасти ману домани ту,

То бигӯйӣ, дили Саъдӣ ба чӣ ҷурм озурдам.

* * *

Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,

К-аз санг нола хезад рӯзи видои ёрон.

Ҳар к-ӯ шароби фурқат рӯзе чашида бошад,

Донад, ки сахт бошад қатъи умедворон.

Бо сорбон бигӯед аҳволи оби чашмам,

То бар шутур набандад маҳмил ба рӯзи борон.

Бигзоштанд моро дар дида оби ҳасрат,

Гирён чу дар қиёмат чашми гуноҳкорон.

Эй субҳи шабнишинон, ҷонам ба тоқат омад,

Азбаски дер мондӣ чун шоми рӯзадорон.

Чанде ки баршумурдам аз моҷарои ишқат,

Андӯҳи дил нагуфтам илло як аз ҳазорон.

Саъдӣ, ба рӯзгoрон, меҳре нишаста бар дил,

Берун наметавон кард илло ба рӯзгoрон.

Чандат кунам ҳикоят, шарҳ ин қадар кифоят,

Боқӣ, наметавон гуфт илло ба ғамгусорон.

***

Ёро, биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст,

Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст.

Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ,

Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.

Не ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад, одам аст,

Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст.

Он аст одамӣ, ки дар ӯ ҳусни сиратест,

Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст.

Ҳаргиз ҳасад набурдаву ҳасрат нахӯрдаам,

Ҷуз бар ду рӯйи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст.

Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд,

Бӯйи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст.

В-он сангдил, ки дида бидузад зи рӯйи хуб,

Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ нек маҳкам аст.

Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,

В-ар ҳаст дар муҷовирати ёри марҳам аст.

Гар хуни тоза меравад аз реши аҳли дил,

Дидори дӯстон, ки бубинанд марҳам аст.

Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф,

Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.

Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,

Саъдӣ ба рӯйи дӯст ҳамарӯза хуррам аст.

* * *

Ёр бо мо бевафоӣ мекунад,

Бегуноҳ аз мо ҷудоӣ мекунад.

Шамъи ҷонамро бикушт он бевафо,

Ҷойи дигар рӯшноӣ мекунад.

Мекунад бо хештан бегонагӣ,

Бо рақибон ошноӣ мекунад.

Ҷавфурӯш аст он нигори сангдил,

Бо ман ӯ гандумнамойӣ мекунад.

Ёри ман авбошу қаллош асту ринд,

Бар ман ӯ худ порсоӣ мекунад.

Ай мусулмонон, ба фарёдам расед,

К-он фалонӣ бевафоӣ мекунад.

Киштии умрам шикаст андар ғамаш,

Аз мани мискин ҷудоӣ мекунад.

Он чӣ бо ман мекунад андар замон,

Офати даври самоӣ мекунад.

Саъдии ширинсухан дар роҳи ишқ,

Аз лабаш бӯса гадоӣ мекунад.

***

Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд,

Ба касон дард фиристанду даво низ кунанд.

Подшоҳони маловат чу ба нахчир раванд,

Сайдро пой бубанданду раҳо низ кунанд.

Назаре кун ба мани хаста, ки арбоби карам,

Ба заифон назар аз баҳри худо низ кунанд.

Ошиқонро зи бари хеш марон, то бари ту,

Сару зар ҳарду фишонанду дуо низ кунанд.

Гар кунад майл ба хубон дили ман, айб макун,

К-ин гуноҳест, ки дар шаҳри шумо низ кунанд.

Бӯсае з-он даҳани танг бидех, ё бифурӯш,

К-ин матоест, ки бахшанду баҳо низ кунанд.

Ту хитоибачаӣ, аз ту хато нест аҷаб,

К-он, ки аз аҳли савобанд хато низ кунанд.

Гар равад номи ман андар даҳанат, боке нест,

Подшоҳон ба ғалат ёди гадо низ кунанд.

Саъдиё, гар накунад ёди ту он моҳ, маранҷ,

Мо кӣ бошем, ки андешаи мо низ кунанд.

Мавод аз АМИТ "Ховар"




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво